< Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд

Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд
​Оҷонсии «Тоҷикстандарт» ба сокинони кишварн ҳушдор додааст, ки баъзе силсила (партия)-и ғизои кӯдаконаи тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка"-ро, ки ширкати «DANONE» истеҳсол мекунад, истифода набаранд ва агар харидорӣ карда бошанд, бозпас баргардонанд.

Ин ниҳод бо нашри як иттилоия навиштааст, ки ин маҳсулот дар асоси муроҷиати расмии ширкати воридкунанда — ҶДММ «Рушон» «аз муомилот бозхонд ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад».

«Тибқи иттилои ширкати истеҳсолкунандаи „DANONE“ дар таркиби сислсила (партия)-и муайяни маҳсулоти мазкур, эҳтимоли вуҷуд доштани токсини сереулид мебошад», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Сереулид токсинест, ки аз он баъзе навъҳои бактерияҳои «Bacillus cereus» ҳосил мекунад. Он метавонад боиси пайдоиши босуръати нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарди шикам гардад.



«Тоҷикстандарт» мегӯяд, танҳо силсилаҳои муайянаи омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин, ғизои махсуси кӯдаконаи зерини ширкати «DANONE» бо тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» бозхонд карда мешаванд:

NUTRILON PREMIUM 1400 гр — силсилаҳои 20261119, 20260808;
NUTRILON PREMIUM 2400 гр — силсилаҳои 20260812, 20261014, 20261125, 20261222;
NUTRILON PREMIUM BIG 1600 гр — сислсилаҳои 20260807, 20260912, 20261112, 20261210;
NUTRILON PREMIUM BIG 2600 гр — силсилаҳои 20260808, 20261009, 20261112, 20261210, 20261230;
MALYUTKA 1 GOLD 600 гр — силсилаҳои 20260808, 20261111, 20261210, 20261230;
MALYUTKA 1 GOLD 300 гр — силсилаҳои 20260806, 20261014, 20261203, 20270107.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳушдор ба дигар силсилаҳои ин маҳсулот дахл надорад ва шаҳрвандон метавонанд аз дигар силсилаҳои истеҳсолшудаи маҳсулоти ширкати «DANONE» харидорӣ ва истифода кунанд.

«Тоҷикстандарт» гуфтааст, сокинони кишвар барои бозгардонидани маҳсулот метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд:
Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — +992 934444899, +992 939998153

Вилояти Суғд — +992 934444899,

Вилояти Хатлон — +992 934444899, +992 938804954

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон маҳсулоти ғизои кӯдакона аз фурӯш гирифта мешавад. Чанде пеш дар кишвар баъзе силсилаҳои ғизои кӯдаконаи тамғаи «NAN» низ, ки «Nestlé» истеҳсол мекунад, бозхонд ва аз фурӯш гирифта шуда буд.


Сарчашма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий