< Дар Душанбе масъалаи баргардонидани занони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе масъалаи баргардонидани занони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон баррасӣ гардид

Дар Душанбе масъалаи баргардонидани занони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
2 майи соли равон мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода боҳайатҳои ширкатҳои «Равзатайн» ва «Дарвозаи адолат»-и Ҷумҳурии Ироқ, ки дар баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан саҳм доранд ва зимни интиқол то Душанбе онҳороҳамроҳӣ намуданд, баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи мулоқот бо ҳайатҳои ширкатҳои «Равзатайн» ва «Дарвозаи адолат»-и Ҷумҳурии Ироқ, барои мусоидати он ҷониб дар баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик миннатдорӣ баён шуд.

Зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ, ҷалби сайёҳони Ироқ ба Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамкории минбаъда ҷиҳати ба Ватан баргардонидани занони тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Ироқ қарор доранд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий