< Додугирифти Тоҷикистон бо Чин $844 млн зиёд шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додугирифти Тоҷикистон бо Чин $844 млн зиёд шудааст

Додугирифти Тоҷикистон бо Чин $844 млн зиёд шудааст
​Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Чин ҳамоно аз рӯи гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон, миёни кишварҳо дар ҷойи аввал қарор дорад.

Тибқи омори ин ниҳод, соли 2025 аз Тоҷикистон ба Чин дар ҳаҷми 523 млн доллар маҳсулот содир шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ хеле зиёдтар, беш аз 2 миллиарду 325 миллион ҳисоб шудааст.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 12- уми феврал ба хабарнигорон гуфт, воридот аз Чин бештар аз ҳисоби мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо афзоиш ёфтааст.

Бахши асосии электромобилҳо ҳоло ба Тоҷикистон аз ин кишвар оварда мешавад.

Тоҷикистон бештар маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ва сурбро ба Чин мефурӯхтаст.

Солҳои охир ин кишвар ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзии хориҷии кишвар ҳам аз Чин аст.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий