< Талаботи нав барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд оилаашонро ба Русия баранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Талаботи нав барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд оилаашонро ба Русия баранд

Талаботи нав барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд оилаашонро ба Русия баранд
Дар Русия нақша доранд талабот нисбати муҳоҷиронеро, ки оилаашонро ҳамроҳи худ ба Русия меоранд, шадидтар кунанд. Тавре «Российская газета» хабар медиҳад, лоиҳаи қонуни марбутаро комиссияи ҳукуматӣ баррасӣ кардааст.

Ба ақидаи муаллифони санад, навовариҳои пешниҳодшуда ба баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии муҳоҷирон нисбат ба фарзандон ва ҳамсари худ мусоидат мекунад.

Дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла чунин пешниҳодҳо шудааст:

— Ба муҳоҷир танҳо дар сурате иҷозаи овардани фарзандон ва ҳамсари худ ба Русия дода мешавад, ки музди меҳнати ӯ барои ҳар як узви оила ҳаҷми ҳадди ақалли маблағи зистро бо назардошти коэффисиенти минтақавӣ таъмин карда тавонад
— Уҳдадор кардани муҳоҷир ба пардохти 50% аз меъёри заминавии пардохти сабтшуда оид ба Андоз аз даромади шахси воқеӣ (НДФЛ) барои ҳар як фарзанди ноболиғ, ки ба Русия оварда шудааст.

— Бо ба синни 18-солагӣ расидан фарзандони муҳоҷир бояд дар муддати 30 рӯз кишварро тарк кунанд ё барои худ патент бо пардохти пурраро дарёфт намоянд.

— Маълумот дар бораи даромади муҳоҷирро мақомоти андоз бояд ҳар се моҳ ба ВКД диҳанд. Мавҷуд набудани даромади тасдиқшуда метавонад барои рад кардани пешниҳод ё дароз кардани муҳлати патент асос шавад.

— Барои тасдиқи зисти муваққатӣ ё доимӣ, шаҳрванди хориҷӣ ба пешниҳоди яке аз ҳуҷҷатҳое, ки даромади қонуниро тасдиқ мекунанд, уҳдадор мешавад: маълумотнома дар бораи даромад, эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо дар бораи супоридани пардохти сабтшуда ё даромад аз фаъолияти сармоягузорӣ.

— Иҷоза ба зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) метавонанд бекор шаванд, агар муҳоҷир камтар аз 10 моҳ дар як сол кор карда бошад ё даромади ӯ (ё маблағи пардохти сабтшудаи супоридашуда) аз сатҳи зарурӣ ба ҳар як узви оила камтар бошад.

Ҳамчунин дар лоиҳаи қонун дар сурати тасдиқ нагардидани даромад ё насупоридани маблағи пешпардохти сабтшуда, механизми эҳтимоли коҳиши муҳлати будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин аъзои оила онҳо пешбинӣ шудааст, агар онҳо бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ машғули кор бошанд.

Ба сурати умум, тағйирот ба васеъ кардани асосҳо барои бекор кардани Иҷозаи зисти муваққатӣ ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист дар Русия равона шудааст.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий