Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар кори чорабиниҳои мазкур муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод иштирок намуд.
Ассамблеяи умумӣ муҳимтарин чорабинии солонаи Созмони ҳамкории рақамӣ арзёбӣ гардида, дар он вазирон, сиёсатмадорон, роҳбарони ширкатҳои инноватсионӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии беш аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабиниҳо баррасии авлавияти ҳамкории рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал оид ба рушди соҳаи рақамикунонӣ дониста мешавад.
Сарчашма:khovar.tj

Комментарии (0)