Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубанд барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ баргузор мешавад
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии баргузории намоишгоҳ фароҳам овардани имконият барои корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ мебошад, то бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ шинос шаванд. Ҳамзамон технологияҳои муосири бастубандиро омӯхта, онҳоро дар истеҳсолот татбиқ намоянд.
Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубандӣ барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ дар Тоҷикистон платформаи муҳим барои омӯзиш, мубодилаи таҷриба ва ҷалби технологияҳои муосир мебошад. Он имконият медиҳад истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулоти босифат ва рақобатпазирро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кунанд.
«Дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд фаъолият доранд, вале сатҳи басту банди маҳсулоти ватанӣ ҳанӯз ба талаботи муосири бозор пурра ҷавобгӯ нест. Ин камбудӣ метавонад ба паст шудани рақобатпазирӣ ва маҳдуд шудани талабот ба маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъсир расонад», — баён дошт Фарҳодшо Раҳмонализода.
Таъкид шуд, ки ҳангоми иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ мушоҳида мешавад, ки маҳсулоти ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ бо бастубанди босифат, тарроҳии замонавӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Ин омил на танҳо ҳифзи сифати маҳсулотро таъмин мекунад, балки таваҷҷуҳи истеъмолгаронро зиёд намуда, ба муаррифии бренд ва фурӯши бештари он мусоидат мекунад.
Бастубанд дар саноати муосир на танҳо асоси нигоҳдории маҳсулот ва ҳифзи сифати он мебошад, балки ба сифати маркетинг ва рақобатпазирии маҳсулот низ таъсири мустақим мерасонад. Маҳсулот бо бастубанди ҷолиб, диққатҷалкунанда ва мувофиқ ба талаботи истеъмолгарон афзалияти рақобатиро дар бозор афзоиш дода, ба ҷалби харидорони нав мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки бастубанди босифат ва тарроҳии ҷолиб омили калидии афзоиши талабот ба маҳсулот, зиёд шудани сатҳи эътимоди истеъмолгарон ва васеъ шудани бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ин таҷриба ҳамзамон имкон медиҳад, ки корхонаҳои ватанӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамқадам шаванд ва рақобатпазирии маҳсулоти худро дар бозорҳои байналмилалӣ таъмин намоянд.
Намоишгоҳ барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ дар Тоҷикистон платформаи муҳим барои омӯзиш, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоягузорони буда, ба рушди устувори ширкатҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)