< Варзишгарони Тоҷикистон аз Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг бо 22 медал ба Ватан баргаштанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Варзишгарони Тоҷикистон аз Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг бо 22 медал ба Ватан баргаштанд

Варзишгарони Тоҷикистон аз Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг бо 22 медал ба Ватан баргаштанд
Варзишгарон ва мураббиёни онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва масъулони соҳаи варзиш дар сатҳи баланд ва бо шаҳомоти хосса истиқбол гирифтанд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз варзишгарону мураббиёни мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхорие, ки нисбат ба онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд бо дастовардҳои назаррасу қобили таҳсину ифтихор Парчами давлатиро баланд бардоранд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо дар самти варзиш аст, ки рӯз аз рӯз обрӯю нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба нисбат ба солҳои қаблӣ боло меравад.

Ёддовар мешавем, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг, ки 30 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда буд, 22 медал ба даст оварданд.

Мусобиқа тамоми гурӯҳҳои синнусолиро дар бар гирифта, ба варзишгарон имкон дод, ки тибқи меъёри гуногун бо ҳам рақобат намоянд.
Ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ варзишгарони дорои имконияти маҳдудро аз 30 кишвари ҷаҳон ҷамъ оварда, ба саҳнаи намоёни қудрат, ирода ва маҳорати иштирокчиён табдил ёфтааст.

Дар ин мусобиқа паралимпичиёни дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Ҳайати паралимпии Тоҷикистон аз 16 варзишгар ва 2 мураббӣ иборат буда, 22 медал ба даст овард.

Ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистонро чор нафар духтарон ташкил менамоянд, ки мақоми  варзишии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ишғоли ҷойҳои намоён ба зинаи баланд бардоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки барои иштироки варзишгарон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ва сафарбарнамоии онҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қабл аз сафар бо онҳо машварати роҳнамоӣ баргузор гардид.

Ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ваъда доданд, ки дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шараф ва парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.

Иштироки муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба рушди армрестлинг ва пара-армрестлинг дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи варзишии байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий