< Бо гузашти беш аз 5 соат роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бо гузашти беш аз 5 соат роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст

Бо гузашти беш аз 5 соат роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст
​Ин ширкат, ки барои нигоҳубини роҳ аз ронандаҳо маблағ меситонад, як соат пеш гуфт, «дар километрҳои 56 ва 71 — уми роҳи Душанбе-Чаноқ ду тармаи дигар фаромад. Ба макони зикршуда техникаҳои ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад. Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд боқӣ мемонад».

«Аз ронандагон хоҳишмандем, ки то нашр шудани иттилоъ оид ба кушода шудани роҳ аз сафар худдорӣ намоянд. Дар навбати худ, кормандони мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то роҳ зудтар боз шавад», — гуфта мешавад, дар хабарномаи ин ширкат.



«IRS» аз ин пештар, хабар дода буд, ки «шаби гузашта (2 ба 3-юми феврал) то ин замон (субҳи 3-юми феврал) дар роҳи Душанбе-Чаноқ (минтақаи Варзоб) 9 тармаи хурду бузурги дигар фаромад, ки боиси маҳдуди гардидани ҳаркат дар ин масир шуд».

Қаблан, низ дар пайи фаромадани чанд тарма роҳ баста шуда буд. Аз ин пештар ҳам дар пайи боришоти барфи шадди ва фаромадани тарма қариб як шабонарӯз ҳаракати мошинҳо дар ин масир қатъ шуда буд.

Роҳи Душанбе –Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий