< Ба сари қудрат омадани “Толибон” бозори чормағзи Мастчоҳро “касод кардааст” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба сари қудрат омадани “Толибон” бозори чормағзи Мастчоҳро “касод кардааст”

Ба сари қудрат омадани “Толибон” бозори чормағзи Мастчоҳро “касод кардааст”
​Ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон* дар Афғонистон, боиси касод шудани бозори чормағзи заминӣ (арахис)-и кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ шудааст. Ин нуктаро Аъзам Ализода, раиси ин ноҳия рӯзи 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ баён кард.

Ба иттилои ӯ, то омадани «Толибон» ба сари қудрат, 20-30%-и чормағзи заминии ин ноҳия ба Афғонистон ва ё тариқи ин кишвар ба Эрон содир мешуд, вале баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ «ин чиз пурра аз байн рафт ва ба мо зарар расонд». 

«Ҳоло ҳосили чормағзи ду солаи мардум дар анборашон истодааст. Чун 8 то 12 ҳазор тонна ҳосили чормағзи заминӣ, ки кишварзони ноҳия ба даст меоранд, пурра дар бозори дохила истеъмол карда наметавонем (талабот надорад, шаҳри аз идора). Барои ҳалли мушкили пешомада бо соҳибкорони ноҳия ҳамкорӣ дорем ва аллакай аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҳар ҳафта 20-30 тонна чормағзи заминиро бурда истодаанд, вале ин кифоя нест», — афзуд Ализода.

Ӯ илова кард, ки Русия, ки соли гузашта воридоти чормағзи заминӣ аз Тоҷикистонро манъ карда буд ва имсол иҷозат дод.

Сарчашма: asiaplustj.info
​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий