< “Баъзе фурӯшандагон “антифриз”-и пастсифат мефурӯшанд”. Огоҳии “Тоҷикстандарт” ба ронандагони кишвар » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Баъзе фурӯшандагон “антифриз”-и пастсифат мефурӯшанд”. Огоҳии “Тоҷикстандарт” ба ронандагони кишвар

“Баъзе фурӯшандагон “антифриз”-и пастсифат мефурӯшанд”. Огоҳии “Тоҷикстандарт” ба ронандагони кишвар
​​Ин огоҳии «Тоҷикстандарт» дар саҳифаи ин ниҳод дар фейсбук нашр шуда, дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо фаро расидани фасли зимистон талабот ба моеъи зиддисардӣ зиёд мешавад ва аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ баъзе аз фурӯшандагон навъҳои пастсифату ғайристандартии «антифриз"-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд.

«Антифриз» моеъи зиддисардӣ аст, ки дар фасли сармо барои аз ҳад зиёд гарм нашудани муҳаррики мошин ба ҷойи об истифода мешавад.
«Гарчанде кормандони Агентии Тоҷикстандарт теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе аз фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд», — навиштааст «Тоҷикстандарт» дар саҳифаи фейсбуки худ.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки истифодаи «антифриз"-и ғайристандартӣ дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ба тавсияҳои мутахассисон аҳамият дода, ҳуқуқҳои истеъмолии худро ҳимоя кунанд, инчунин, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунанд.

«Ҳангоми харидории „антифриз“ ба сифати он диққат дода, аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ кунед, дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба Агентии Тоҷикстандарт дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 ё рақамҳои 2-33-68-69, 2-33-44-99 муроҷиат намоед», — навиштааст ин Оҷонсӣ.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин огоҳии Оҷонсии «Тоҷикстандарт» аз фурӯши «антифриз"-и пастсифат дар бозорҳои кишвар нест. Солҳои пеш ҳам ин ниҳод аз ошкор шудани фурӯши садҳо литр «антифриз"-и пастсифат хабар дода, ронандагонро огоҳ карда буд, ки ҳангоми хариди он бодиққат бошанд.

Сарчашма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий