Душанбе ба қатори шаҳрҳои арзонтарин барои зиндагӣ дохил шуд
Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар «Радабандии байналмилалии арзиши зиндагӣ дар шаҳрҳо дар соли 2026» (Cost of Living Index by City 2026) — и пойгоҳи таҳлилии «Numbeo» ба қатори шаҳрҳои арзонтар барои зиндагӣ шомил гардидааст.
Дар ин радабандӣ шаҳри Душанбе дар байни 479 шаҳр дар зинаи 437-ум қарор гирифтааст. Барои муқоиса шаҳри Ню-Йорк интихоб шудааст.
Мувофиқи таҳлили пойгоҳ, шохиси арзиши зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон 28,6 бандро ташкил дода (барои муқоиса, баландтарин шохис 118,5 банд аст), хароҷоти асосӣ дар ин ҷо қариб 3,5 маротиба нисбат ба Ню-Йорк пасттар мебошад.
Ҳамчунин, шохиси иҷораи манзил дар Душанбе 11,3 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 70,6 банд аст), арзиши умумии зиндагӣ бо дарназардошти иҷора 20,9 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 97,1 банд аст), радабандии қобилияти харидории аҳолии маҳаллӣ 36,2 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 115,4 банд аст)-ро ташкил додааст.
Нархи ғизо берун аз хона (тарабхонаҳо) низ яке аз ченакҳои ин радабандӣ буда, дар Душанбе шохиси нархи тарабхонаҳо 20,6 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 121 банд аст) будааст.

Тибқи арзёбии «Numbeo», Душанбе ҳамчунон яке аз шаҳрҳои дастрас дар ҷаҳон аз рӯйи хароҷоти ҳаррӯза боқӣ мемонад, аммо болоравии минбаъдаи сифати зиндагӣ бевосита ба афзоиши даромади аҳолӣ ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ вобаста мебошад.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳрҳо бо поинтарин арзиши зиндагӣ, ки ба феҳристи «Numbeo» дохил шудаанд, шаҳрҳои Остона, Алмато, Тошканд ва Бишкек мебошанд. Зиндагӣ дар Душанбе нисбат ба ин шаҳрҳо арзонтар будааст.
Минтақаи Осиёи Марказӣ бо хароҷоти паст барои манзил, маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасониҳо тавсиф мешавад, аммо сатҳи нисбатан пасти даромади аҳолӣ қобилияти харидории сокинони маҳалиро маҳдуд месозад.
Қиматтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зиндагӣ тибқи радабандии «Numbeo» дар соли 2026 шаҳрҳои Сюрих, Женева ва Базели кишвари Суис эътироф шудаанд.
Ин радабандии мазкур аз ҷониби пойгоҳи таҳлилии «Numbeo» соле ду маротиба тартиб дода мешавад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)