Се узви як оилаи тоҷикро, ки дар Самара аз бӯйи газ ба ҳалокат расиданд, дар зодгоҳашон ба хок супоридаанд
Ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки чанд рӯз пеш дар Русия ба ҳалокат расида буданд, субҳи имрӯз, 12-уми январ дар зодгоҳашон, деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супоридаанд.
Яке аз наздикони ин хонавода ба «Азия-Плюс» гуфт, ҷасади Алиҷон Набиеви 28-сола ҳамроҳи ҳамсару духтарчаашро, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Самараи Русия аз манзили зисташон пайдо шуда буд, шаби 11 ба 12-уми январ ба Тоҷикистон овардаанд. Зан дар батнаш кӯдаки 6-моҳа ҳам доштааст.
Манбаъ гуфт, Алиҷон ва ҳамсару духтарчааш ба эҳтимоли зиёд аз бӯйи газ заҳролуд шудаанд.
«Наздикони ин оила баъди зангҳои бешумор ба Алиҷон Набиев ба ташвиш афтода, рӯзи 7-уми январ ба манзили зисташон мераванд ва баъди шикастани дари хона ҷасади зану шавҳар ва кӯдаки онҳоро пайдо мекунанд», — гуфт манбаъ.Ба қавли ӯ, як сол қабл дар пайи сӯхтор дар ҳамин манзили ин оила, духтарчаи сесолаи онҳо низ фавтида будааст ва онҳо қасд доштаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
«Танҳо ба итмом расидани таъмири хонаи навашон дар яке аз баландошёнаҳои шаҳри Бохтарро интизор буданд» — афзуд манбаъи мо.
Бояд гуфт, дар бораи ҳалокати се узви як оилаи тоҷик дар шаҳри Самараи Русия қаблан «Радиои Озодӣ» хабар дода буд.
Ин расона навишта буд, «баъди заҳролуд шудан аз газ, Алӣ аз хоб бедор шуда, кӯшиш мекунад дари ҳаммомро кушояд, аммо ҳамонҷо мефавтад».
Мақомоти кишвар то ҳол ҳодиса ва тафсилоти онро шарҳ надодаанд.
Бояд гуфт, ҳамасола даҳҳо пайкари беҷони муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия аз беморӣ ва ё дигар ҳаводис ба ҳолакат мерасанд, ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)