Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали Тоҷикистон зиёда аз 81 ҳазор гектарро пистазор ташкил медиҳад. Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026», ки яке аз ҳадафҳои он барқароркунӣ ва зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал мебошад, бунёди қитъаҳои доимии тухмипарварӣ ва плантатсияҳо идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ин барнома тасдиқ гардид.
Мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026"-нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо амалӣ гардидани ин барнома бисёр мушкилоти соҳа ҳалли худро меёбанд. Зеро ҷангал ба пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавии саросарӣ, захира ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ободонии мамлакат, инчунин дарёфти ҷойи нави кор мусоидат мекунад.
Дар доираи ин барнома олимони тоҷик бо мақсади ба бозори дохилӣ мувофиқ кардани сифати маҳсулот корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави пистаро мегузаронанд. Дар натиҷа зиёда аз 8 намуди писта дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат ва Варзоб парвариш ва масоҳати кишти он зиёд карда мешавад.
Натиҷаи корҳои илмӣ — тадқиқотӣ дар интихоби навъ ва шаклҳои пистаҳои маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки навъи пистаҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати сифат аз навъи пистаҳои дар шакли боғ парваришшавандаи мамлакатҳои Эрон, Туркия, Сурия ва Калифорнияи ШМА камӣ надоранд.
Тибқи хулосаи олимони соҳа, шароити мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на фақат талаботи дохилӣ бо ниҳолу тухмии навъу шаклҳои пурарзиши писта таъмин шавад, балки барои фурӯш ба берун аз ҳудуди мамлакат низ содирот гардад. Чунки тухми навъҳои пистаҳои серҳосили мо дар мамлакатҳои ҳамсоя низ талаботи зиёд дорад. Дар истеҳсолот васеъ ба роҳ мондани парвариши навъу шаклҳои ояндадори писта имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 8-10 сентнер расонда шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)