< 16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?

16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Дар Тоҷикистон 16 сол пеш, 6-уми январи соли 2010, бо мақсади сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) «Роғун» фурӯши густардаи саҳмияҳо оғоз гардид. Дар маҷмӯъ, аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои хайриявӣ 890 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардид. Тақдири ин маблағ чӣ шуд ва соҳибони саҳмияҳо кай метавонанд аз он баҳра гиранд?

Ҳукумат ба маблағи 6 млрд сомонӣ 5 миллион коғази қиматнок нашр кард. Бо ин мақсад, дар назди шуъбаҳои Бонки давлатии «Амонатбонк» дар саросари кишвар зиёда аз 580 нуқта ташкил карда шуд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ саҳмияҳоро бо пули нақд ё тавассути ҳисобҳои бонкӣ харидорӣ карданд.

Бо фармони президент он бояд ихтиёрӣ фурӯхта мешуд, вале дар амал ҳолатҳое низ буданд, ки мақомот зердастони худро барои харидани коғазҳои қиматнок маҷбур мекарданд. Ҳатто донишҷӯёнро маҷбур карда буданд, ки саҳмияҳои 100-сомониро харанд.

Саҳмияҳоро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ харидан мумкин буд. Танҳо саҳмияҳои 5000 сомонӣ номӣ буданд, боқимонда саҳмияҳои оддӣ буданд. Фарқи саҳмияҳои номӣ аз оддӣ дар он буд, ки дар баргаҳои номӣ исми харидор навишта мешуд ва ӯ ҳақ надошт, ки онро ба дигар кас фурӯшад ва ё раванди фурухтани он тавассути биржаи коғазҳои қимматнок амалӣ мешуд.

Ҳукумат гуфт, ки 22 ҳазор саҳмияҳои номӣ ва 2 миллион саҳмияҳои оддӣ фурӯхтааст.
Ба гуфтаи мақомот, маблағҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъ шуда буданд, барои харидории таҷҳизот барои сохтмони иншоот истифода шуданд.


Зимнан,  дар соли 2010 маъракаи фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун»  танҳо баъди дахолати намоядагии Сандуқи байналмилалии пул хотима ёфт. Он Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки ҷамъоварии ин миқдор маблағ як дарсад рушди иқтисоди кишварро боздошта сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ коҳиш хоҳад ёфт.

«Ин раванд метавонад суръати рушди иқтисодиро муваққатан коҳиш диҳад, зеро мардум барои харидани саҳмияҳо истеъмолашонро коҳиш медиҳанд ва корхонаҳо сармоягузории худро кам мекунанд», — гуфта буд роҳбари ҳайати Сандуқи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг дар моҳи апрели ҳамон сол, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба маълумотҳои мавҷуда, дар тӯли ду моҳи пас аз ҷамъоварии маблағи саҳмияҳо ду дарсади он «тӯъма"-и таваррум шуд. Баъдан Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба хулосае омад, ки 175 миллион сомонии ин пулҳоро ба панҷ бонки тиҷории кишвар бо баҳрабардории солонаи 10% вом диҳад.

Пас аз як соли додани вом Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири вақти молияи кишвар эълон кард, ки вомҳои дар бонкҳои тиҷорӣ гузошташудаи «Роғун» 11,9 миллион сомонӣ фоида оварданд.

Дар пайи фурӯши саҳмияҳо Ширкати саҳҳомии «Нерӯгоҳи Роғун» таъсис ёфт ва ҳоло он аз бузургтарин ширкати саҳҳомӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Тибқи ойинномаи ширкат фоида аз саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» танҳо баъд аз мавриди комили истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳ пардохт карда мешавад. То он замон афроди саҳҳомдор наметавонанд фоида талаб кунанд ё ҳатто ин саҳмияҳоро ба ҷамъият фурӯшанд.
Танҳо дар сурати ба пуррагӣ ба кор даромадани 6 чархаи НБО «Роғун» ва анҷоми расмии сохтмони он сокинон метавонанд аз он коғазҳои қиматнок даромад гиранд.
Ҳамасола ҷаласаи саҳмодорони «Роғун» баргузор мешавад ва роҳбарияти тарҳ дар робита ба корҳои анҷомдодашуда ба саҳмдорон ҳисобот медиҳанд.



Маблағҳо аз куҷоянд?Дар аввал ҳукумат мақсад дошт, ки бунёди нерӯгоҳи «Роғун» аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо ба роҳ монда мешавад. Аммо дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб мекунад.

Ҳамин тариқ, соли 2021 ҳукумати кишвар барои ҷалби сармоя ба шарикони байналмилалӣ муроҷиат кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо сохтмончиёни НБО «Роғун» дар моҳи августи соли 2025 гуфта буд, аз соли 2008 то имрӯз ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмони нерӯгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона кардааст.
Аз ҷумла, моҳи январи соли 2023 Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ кӯмаки бебозгашти молиявиро ба маблағи 15 млн доллар баҳри баланд бардоштани самаранокии татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» маъқул шуморид ва моҳи феврал ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳа дар ҳаҷми 150 млн доллар қарзи имтиёзнок бо таркибҳои грант бо Бонки исломии рушд тавофуқ ҳосил шуд.

Моҳи майи соли 2023 Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (Чин) дар бораи пешниҳод гардидани қарзи имтиёзнок ба маблағи 500 млн доллар хабар дод. Моҳи декабри соли 2023 бошад, Фонди саудии рушд дар бораи додани қарз дар ҳаҷми 100 млн доллар барои идомаи сохтмони неругоҳи «Роғун» қарордод ба имзо расонид.

Дар соли 2024 барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО)-и «Роғун» Бонки ҷаҳонӣ 350 млн доллари амрикоӣ маблағи грантӣ, Бонки исломии рушд 150 млн доллар ва фондҳои кишварҳои араб 400 млн доллар, Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохтор (БОСИ) 270 милллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин созишнома оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё (Чин) ба маблағи 500 млн доллар ба имзо расидааст.
Ҳамчунин моҳи августи соли 2025 Фонди рушди Қатар барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба Тоҷикистон ба маблағи 50 миллион доллар созишномаи қарзӣ имзо кард.

1-уми сентябри соли 2025 бошад, Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар бораи ҷудо кардани 500 млн доллари дигар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» тасмим гирифт. Ин тасмими бонкро Ҷин Литсюн, президенти он дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар доираи вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ ироа кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охирини худ ба парлумони кишвар, ки 16-уми декабр баргузор шуд, эълон кард, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва «истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад».



Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 барои бунёди нерӯгоҳ аз буҷаи кишвар 9 миллиард сомонӣ  равона шуда, то имрӯз 60%  корҳои сохтмони нерӯгоҳ анҷом пазируфтаанд.

«Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони нерӯгоҳи барқии обии „Роғун"-ро пайваста идома медиҳад«, — гуфт ӯ зимни ироаи паёми худ.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.
 
Арзиши „Роғун“ чӣ қадар аст?Аз соли 2008 то имрӯз арзиши амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи „Роғун“ борҳо тағйир ёфт. Агар соли 2008, замони барқарор шудани амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи „Роғун“ нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда бошад, соли 2016 зимни баргузории тендери байналмилалӣ оид ба интихоби паймонкори кулл барои сохтмони сарбанд, арзиши иншоот 3,9 млрд доллар эълон шуд.

Соли 2022 Вазорати энергетикаи кишвар эълон кард, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи „Роғун“ беш аз 5 млрд доллар зарур аст.



Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон барои идомаи корҳои сохтмон дар доираи ҷадвалҳои тасдиқшуда ҳамасола 1 млрд доллар ва барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий