< Аз талбандагӣ ба футбол ва артиш. "Тағйир" дар зиндагии лӯлиҳо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз талбандагӣ ба футбол ва артиш. "Тағйир" дар зиндагии лӯлиҳо

Аз талбандагӣ ба футбол ва артиш. "Тағйир" дар зиндагии лӯлиҳо
​Онҳо нафақат дар ободонии маҳал саҳм мегиранд, балки дар айёми даъват ба артиш пешсафанд ва сатҳи саводашон низ каме боло рафтааст.

Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ дар нишасти хабарие гуфт, «дар варзишгоҳ аз ҳама коргарони зиёд аз ҳисоби ҳамонҳо буд. Ба хидмати ҳарбӣ қатор мешаванд. Парчам дар дасташон мегӯянд, ки мо ба хидмат меравем.»

Ишораи Ҷамшед Шарифзода ба сохтмони Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ аст, ки дар деҳаи Заркорон ҷойгир буда, 22 ҳазор касро меғунҷонад. Онро бо 69 миллион сомонӣ (7,4 млн доллар) аз соли 2017 то 2025 сохтаанд.

Лӯлиён дар ноҳияи Восеъ барои тамрини футбол майдони алоҳида ва дастаи худро доранд. Мегӯянд, гоҳе бо лӯлиёни шаҳру ноҳияҳои дигар вориди мусобиқа мешаванд.

Икром, як футболбози тими лӯлиҳо мегӯяд, «ба шаҳри Турсунзода рафта, бозӣ кардем. Дар шаҳри Ваҳдат ва ҳатто дар Душанбе бозиҳои худро анҷом додем. Мехоҳем, ки варзишгари хуб бошем ва дар дастаи „Ҳулбук“ низ ҳунарнамоӣ кунем.»

Деҳаи Заркорон дар ноҳияи Восеъ яке аз маҳалҳои калонтарини лӯлиён ба ҳисоб меравад. Ҳоло Варзишгоҳи марказӣ, майдони парчаму нишон ва чанд иншооти дигари ноҳия дар инҷо ҷойгир аст.

варзишгоҳи деҳаи Заркорон

«Худашон дар кӯчаҳо санг рехта, ҳамвор карданд. Инҳо низ ба 250 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ шомил мешаванд ва онҳо низ инсон ҳастанд. Мо ҳамавақт дастгириашон мекунем. Имсол хонандаҳояшон дар озмуни „Фурӯғи субҳи доноӣ“ ширкат карданд», — мегӯяд раиси ноҳияи Восеъ.

Лӯлиҳо ё ҷӯгиҳо дар Тоҷикистон бештар дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдату Панҷакент ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Восеъ, Ҷалолуддини Балхӣ ва Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд. Теъдоди онҳо на камтар аз 15 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Дар гузашта баъзе аз коршиносону намояндагони созмонҳои хориҷӣ аз вазъи лӯлиён дар Тоҷикистон, аз ҷумла дур мондани фарзандони онҳо аз таҳсил ибрози нигаронӣ карда буданд.

Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий