Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд
Аз ин шумора 8145 гектар зироати равғандиҳанда дар заминҳои обёришуда ва 17 917 гектар дар заминҳои лалмӣ кишт карда мешавад.
Тибқи таҳлили иқтисодчиён, меъёри истеъмоли равғанҳои растанӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 16,6-килограммӣ рост меояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нақша дорад, ки истеҳсоли равғанро дар мамлакат бештар ва воридоти онро кам намояд.
Истеҳсоли равған дар Тоҷикистон солҳои охир ба 25 ҳазор тонна расонида шуда, воридоти он 98 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами обёришаванда ва лалмии мамлакат манбаъҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ба шумор меравад. Парвариш ва истеҳсоли зироати равғандиҳандаи зағир, маъсар, офтобпараст, чормағзи заминӣ ва кунҷид аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар буда, аҳолии мамлакатро бо равғани растании истеъмолии ватанӣ ва чорворо бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла кунҷораи серғизо таъмин менамояд.
Таҳқиқоти илман асосноки Институти зироаткорӣ ва Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳангоми парвариши навъҳои серҳосил, дорои равғаннокии зиёд дар таркиби дон ва риояи қоидаҳои агротехнологӣ гирифтани ҳосили фаровон имконпазир буда, он барои аҳолӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок мебошад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)