Муҳсин Муҳаммадиевро дар Лучоб ба хок месупоранд. Ин устураи футболи тоҷик дирӯз даргузашт
Муҳсин Муҳаммадиев пас аз бемории тӯлонӣ 1-уми январ, дар шаҳри Маскав ин дунёро падруд гуфт.
Ӯ моҳи феврали соли 2025 сактаи мағзиро аз сар гузаронд. Аз моҳи ноябр ба баъд дар Маскав табобат мегирифт ва вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешуд.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон саҳми Муҳсин Муҳаммадиевро дар рушди футболи тоҷик бебаҳо арзёбӣ карда, таъкид кард, ки ӯ дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд. Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба наздикону пайвандони Муҳсин Муҳаммадиев сабри ҷамил хостааст.
Муҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе ба дунё омада, аз маъруфтарин футболбозони тоҷик дар солҳои 80-уми асри 20 ба ҳисоб мерафт.
Ӯ ҳамчун футболбоз дар дастаҳои маъруфе монанди «Помир» (Душанбе), «Локомотив» (Маскав), «Анкарагучу» (Туркия), «Спартак» (Маскав) ва дигар тимҳо бозӣ кардааст. Ин футболбози тоҷик дар ҳайати «Спартак"-и Маскав соли 1994 қаҳрамони Русия шуда буд.
Як бор дар тими миллии Тоҷикистон (1992) ва як бор дар ҳайати дастаи мунтахаби Русия (1995) ба майдон омадааст.
Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт ва дар чандин дастаҳои дохилу хориҷ фаъолият кард. Ӯ аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии тими миллии Тоҷикистон ҳам буд.
Муҳаммадиев замони сармураббии дастаи «Истиқлол"-и Душанбе будан чанд маротиба қаҳрамони Лигаи олӣ ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон, инчунин, Суперҷоми кишвар шуда буд.
Ӯ дар Маскав мезист ва оиладору соҳиби се духтар буд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)