< “Ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд”. Боздошти ду мард бо гумони куштори ҳамдеҳаашон дар Суғд R » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд”. Боздошти ду мард бо гумони куштори ҳамдеҳаашон дар Суғд R

“Ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд”. Боздошти ду мард бо гумони куштори ҳамдеҳаашон дар Суғд R
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 28-уми декабр дар гузорише аз гумонбарон Уктам Зоидови 30-сола ва Шаҳзод Ҷонйигитови 27-сола ном бурда, гуфтааст, ки онҳо рӯзи 15-уми декабр Фаррух Аширматови 36-соларо «бо зарби 38 корд» кушта, ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки гумонбарон бо ҷабрдида робитаи хешутаборӣ ва бар сари насупоридани пули бонк даъво доштаанд. Яке аз боздоштшудаҳо дар гузориши мақомот мегӯяд, аз номи худ барои Аширматов аз бонк қарз гирифта буд, аммо ӯ ин маблағро сари вақт ба бонк пардохт накардааст.

Дар пайи ин, ба қавли мақомот, гумонбарон дар Хуҷанд бо ҷабрдида мулоқот карда, ӯро ба яке аз маҳаллаҳои беодами шаҳр мебаранд ва мехоҳанд, «ҷазо диҳанд», ки оқибат ин ҳолат бо фоҷиа анҷомидааст.

Гумонбарон дар гузориши мақомот ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд, аммо маълум нест, ки навор дар чӣ шароите сабт шудааст. Назари боздоштшуда ҳо ва наздикони ҷабрдида дар робита ба ин қазия ба расонаҳо маълум нест. 

Мақомот алайҳи гумонбарон бо иттиҳоми «одамкушӣ» (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом, ба онҳо аз 15 соли зиндон то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий