"Истиқлол" ғалаба кард, вале аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд
Бозии мазкур дар Варзишгоҳи «Ҷавоҳарлал Нерӯ"-и Ҳиндустон бо ҳузури 1083 тамошобин доир шуда, бо ҳисоби 1:2 бошгоҳи «Истиқлол» пирӯз шуд.
Дастаи «Истиқлол» бо вуҷуди пирӯзӣ, бо касби 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми 3-юмро ба даст овард ва аз ҳисоби таносуби тубҳо натавонист ба даври плей-офф роҳхат гирад. Яъне аз идомаи рақобатҳо дар и Лигаи чемпионҳои Осиё-2 маҳрум гардид.
Голҳои дастаи «Истиқлол"-ро Пол Камолафе дар дақиқаи 53-юм ва Амирбек Ҷурабоев дар дақиқаи 56-ум ба дарвозаи «Гоа» ворид карданд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳ «Ал-Наср» бо ҳисоби 5:1 «Ал-Завра» -ро шикаст дод.
Ҳамин тавр, аз гурӯҳи «D» ба даври минбаъда дастаҳои «Ал-Наср» -18 имтиёз ва «Ал-Завра» — 9 имтиёз роҳхат гирифтанд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)