< Фирӯза Ҳафизова: "Аз кардаам пушаймонам" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фирӯза Ҳафизова: "Аз кардаам пушаймонам"

Фирӯза Ҳафизова: "Аз кардаам пушаймонам"
​Бинрбар гузориши манбаъ, Фирӯза Ҳафизова барои беэҳтиромӣ кардан нисбат ба пули миллӣ боздошт гардидааст.

Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нашр кард, гуфта мешавад, ки Садриддин Набиев, маъмури тарабхонаи «Миллениум» Фирӯза Ҳафизоваро барои ҳунарнамоӣ даъват кардааст. Зимни ҳунарнамоии овозхон шаҳрвандон Сайфиддини Сайнуриддин ва Сабоҳат Исломов дидаву дониста талаботи қонунгузориро поймол намуда, нисбати асъори миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, купюраҳои гуногуни асъори миллиро ба сари Фирӯза Ҳафизова пошидаанд. Сароянда низ нисбати асъори миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, пули миллиро поймол кардааст.

Дар навбати худ Фирӯза Ҳафизова чунин мегӯяд: «Аз кардаи худ пушаймонам ва кӯшиш мекунам, ки дигар чунин амал такрор нашавад».
Мақомот шарҳ надодааст, ки сароянда ва ду касе, ки ба сари ӯ пул пошиданд чӣ гуна ҷазо мегиранд.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий