То 8 соли зиндон. Муҷозот барои шикор ва нобуд кардани бабри барфӣ шадидтар шуд
Дар Тоҷикистон ҷазо барои шикор ва нест кардани бабри барфӣ пурзӯр гардид. Минбаъд барои ин кирдор то 8 соли зиндон таъин мегардад. Қаблан барои шикор ва нобуд кардани ин ҳайвони нодир то 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 17-уми декабр қонуни ворид кардани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишварро имзо кардааст. Қаблан, тарҳи ин қонунро ду палатаи парлумони кишвар ба тасвиб расонида буданд.
Тибқи ин тағйирот, ба қисми 1 моддаи 232(1) ибораи «барои фурӯш, интиқол ва ғайриқонунӣ ба даст овардану нигоҳ доштани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ» илова гардид. Акнун тибқи ин банд, барои шикору нобудсозии ин ҳайвони нодир аз 90 то 135 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо таъин мегардад. Қаблан, барои шикору нобудсозии ин ҳайвони нодир, аз 60 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё се сол ҷазо пешбинӣ мешуд.
Дар қисми 2 моддаи 232(1) тағйирот ворид нашудааст. Дар асоси он барои содир намудани ин кирдор бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ… аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 3 то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.
Ҳамчунин, ба моддаи 232(1) қисми 3 илова гардид, ки тибқи он барои такроран содир гардидани кирдори дар қисмҳои 1 ва 2 зикршуда, аз 150 то 225 ҳазор сомонӣ ё аз 4 то 8 сол ҷазои зиндон таъин мегардад.
Дар Тоҷикистон чанд бабри барфӣ ҳаст? Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 500 паланги барфӣ ё озодапаланг зиндагӣ мекунад, ки 70% онҳо дар кӯҳҳои ВМКБ маскунанд. Ҳамчунин моҳи феврали соли 2024 «Барномаи давлатии нигоҳдории паланги барфӣ барои солҳои 2024-2028» қабул гардид, ки ҳадафи он ҳтфзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир мебошад.
Бабри барфӣ ки онро осиёимиёнагӣ ҳам мегӯянд, ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил буда, шикораш дар 50 соли оянда манъ ва ҳифзи он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист аст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)