< Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт

Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
​Мақсад аз ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ- зиёд намудани майдони сабзкорӣ, беҳтар гардондани муҳити зист, зебосозии кӯчаю маҳаллаҳо ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати экологии давлат мебошад.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни оғози ниҳолшинонӣ иброз намуд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат бояд ҳар  сокини ноҳия дар ободонию сабзкорӣ саҳми намоён гузорад. Мавсуф изҳор дошт, ки ниҳолшинонӣ барои беҳтар гардонидани вазъи экологӣ, пешгирии эрозияи замин ва зебо намудани ноҳия яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Дар ин рӯз беш аз 1500 навъи гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Раиси ноҳия барои дуруст нигоҳубин ва таъмин намудани дараҷаи баланди сабзиши онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

Ҳама иштирокчиён даъват карда шуданд, ки барои ҳифзу нигоҳубини ниҳолҳои шинонида масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий