< Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад: 30 апрел дар Тоҷикистон борони шиддатнок меборад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад: 30 апрел дар Тоҷикистон борони шиддатнок меборад

Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад: 30 апрел дар Тоҷикистон борони шиддатнок меборад
30 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор шуда, боридани  борони бошиддат дар назар аст. 

Бино ба иттилои манбаъ,   шабонарӯзи наздик дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боронҳои  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.    Боридани  жола низ  дар назар  дошта шудааст.

30 апрел бар асари боридани боронҳои шиддатнок дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии ҷумҳурӣ эҳтимолияти фаромадани сел дар назар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий