< Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
​Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки «имсол ба  таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳсули андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, 31 сол пур мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа  давоми 31 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррас анҷом додааст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда ва ҳифзи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароити тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекард, дар ҷомеа мақоми ҳизби роҳнаморо соҳиб шуд.

Дар ҳамоиш фаъолону собиқадорони ҳизб аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий