«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвони форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Форум бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия (9 декабр) бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчӣ бештар воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дастгирии соҳибкорӣ ва вусъат бахшидани чораҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.
Дар кори форум намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии дохилӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Русия ва намояндагони созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)