Тиҷорат дар Тоҷикистон. Кӣ ва дар куҷо бо он машғул аст?
То 1-уми октябри соли 2025 шумори корхонаҳои сабтшуда дар ҷумҳурӣ то 810,7 ҳазор зиёд шуда, ҳамзамон шумори ширкатҳои бекоргардида ё худ аз фаъолият бозмонда низ афзудааст.
Лекин дар умум, афзоиши шумори корхонаҳои амалкунанда идома дорад.
Дар иқтисод мисли пешина саҳми савдо ва сохтмон, саноати коркард ва бахши кишоварзӣ назаррас аст, ки бо тақсими шахсони ҳуқуқии амалкунанда аз рӯи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ тасдиқ мешавад.

Тибқи маълумоти моҳҳои январ-сентябри соли 2025, миёни шахсони ҳуқуқии тозатаъсис вазни қиёсии бештар ба саноати коркард, савдои яклухт ва чакана, инчунин соҳаи сохтмон рост меояд.

Самтҳои зикршуда муҳаррики калидии рушди соҳаи соҳибкорӣ боқӣ мемонанд.

Миёни соҳибкорони инфиродӣ ҳиссаи бештарро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил дода, қисми назарраси онҳо тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус машғули коранд.

Дар минтақаҳо фаъолияти соҳибкорӣ нобаробар тақсим шудааст: қисмати зиёди соҳибкорони инфиродӣ ба вилояти Суғд ва Хатлон рост омада, дар идома Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе қарор доранд. Нишондиҳандаи аз ҳама паст дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20251122/k-va-dar-kuo-dar-toikiston-ba-tiorat-mashul-ast

Комментарии (0)