< Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
​Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷавонони шаҳри Турсунзода  бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд. Дар ин қисми низомӣ бо иштироки намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Парчам-рамзи ваҳдату сарфарозии миллат» конференсияи илмӣ доир гардид. Зимни он дар бораи аҳамияти парчами давлатӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ маъруза карда шуд.

Ҳамоиш дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтироми хос ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иброз гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, дар атрофи худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий