< “Ҳақиқатро мегуфт, агарчи талх буд”. Ёде аз шоири саркаши тоҷик Бозор Собир » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ҳақиқатро мегуфт, агарчи талх буд”. Ёде аз шоири саркаши тоҷик Бозор Собир

“Ҳақиқатро мегуфт, агарчи талх буд”. Ёде аз шоири саркаши тоҷик Бозор Собир
Имрӯз, 20-уми ноябр, мавлуди Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз адибони саркаши тоҷик аст. Ӯ яке аз фарҳангиёни номвари тоҷик буд, ки рӯзгори пурбаҳс ва зиддунақизро аз сар гузаронид. Бозор Собир ҳамеша берун аз «қолаб» буд ва инсоне дониста мешуд, ки ҷасорати гуфтани ҳақиқатро дошт, ҳатто агар талху кушанда бошад.

Солҳои 60-уми асри гузашта гурӯҳе зиёиёни боҷасорат, худогоҳ ва ҳувиятофар ба майдон омаданд ва ҳарфу ашъоре гуфтанд, ки заминаи бедории миллӣ дар даҳсолаҳои баъдӣ шуд. Бозор Собир яке аз ҳамон ҳувиятофарон буд, аммо бо набзи замон созиш карда натавонист.
Ба қавли адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Раҳим Мусулмониён, Бозор Собир  «53 соли умрашро дар Шӯравӣ гузаронд, аммо ҳаргиз шеъре дар васфи коммунист, инқилоби Октябр ва Ленин нагуфт. Он замон имкон надошт, ки соҳибқалам дар мавзӯъоти мазкур чизе нанависад».
Мо соли гузашта тазодҳои муҳоҷирати варо навишта будем, имсол кӯшидем, ки саркашиҳову гарданшахиҳои шоирро — ҳам дар шеъру ҳам дар зиндагиаш — ба тасвир кашем.
 
Шоире, ки ашъораш мамнӯъултабъ будандБозор Собир дар замони шӯравӣ ашъоре гуфт, ки бо «қолаби замон» наметавонист созгор бошад. Дар давре, ки идеологияи шӯравӣ сензураи шадид дошту ҳар озодихоҳро саркӯб мекард, ӯ дар бораи забони модарӣ, ҳувияти миллӣ ва таърихи тоҷикон шеърҳое мегуфт, ки кам шоирони дигар ғайрат мекарданд.

Бинобар он ки на худаш ва на ашъораш бар «қолаби замон» намегунҷид, ба қавли рӯзноманигор ва низоъшинос Сайидаҳмад Қаландаров, «ашъорашро мамнӯъултабъ эълон карда буданду худаш мавриди таъқиби ошкоро қарор дошт».

Ӯро дар идороти давлатӣ ба кор намепазируфтанд, замоне бекор ҳам монда буд, пасон Бӯриниссо Бердиева, рӯзноманигори номвари тоҷик, ӯро ба рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор пазируфт.

Сайидаҳмад Қаландаров, ки чандин сол бо Бозор Собир дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» кор кардааст, аз ин вазъ ёдовар шуда, аз чопи шеърҳои шоир гуфт, ки дигар нашриёт ғайрати чопашро надоштанд:

»Замоне шеърҳои миллатпарварона ва шӯрангези «Забони модарӣ», «Аҳмади Дониш», «Девори Бухоро», «Кӯч мебандам», «Пас аз мо» ва «Ба Ҷумъаи Одина"-и Бозор Собир дар «Маориф ва маданият» ба чоп мерасид, ки ашъори ӯро мамнӯъултабъ эълон карда буданду худаш мавриди таъқиб қарор дошт».
Ба қавли Қаландаров, «агар ҷасорат ва майдони фароҳамовардаи Бӯриниссо Бердиева намебуд, ин ва садҳо ашъори Бозор Собир чун дастхат дар хонаи ӯ боқӣ мемонд».
Дар зиндагӣ ҳам қайсар будСайидаҳмад Қаландаров гуфт, Бозор Собир одатан шабҳо хоб надошт, то субҳ шеър менавишту аз паси эҷод буд ва саҳаргоҳ хоб мерафту ҳангоме ба кор меомад, ки соат ба 12 ё 13 расида буд. Боре Бӯриниссо Бердиева гуфт:
— Ҳой, Бозор, соат чанд?
— Дувоздаҳ!
— Кори мо соати чанд сар мешавад?
— Нӯҳ!
— Чиро ин қадар дер меойӣ?!
— Набиёям, чӣ мегӯӣ?!

Баъдтар Бӯриниссо Бердиева гӯё гуфтугӯяшро бо Бозор Собир ҷамъбаст карда бошад, гуфт, «ана, бо ҳамин гуна сағираҳо кор мекунам». Ва бо оҳанги ифтихор афзуд: «Нози ин бачаҳои боистеъдодро ман набардорам, кӣ мебардорад?!».

Бердиева, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҳамеша аз натиҷаи кори Бозор Собир огоҳӣ пайдо мекарду мегуфт: «Ба Бозор кордор нашавед, ӯро ба ҳоли худ монед, чун ӯ кори худро медонад».
Ашъори Бозор бо сиёсат тавъам будБа қавли адабиётшиносону таърихнигорон, Бозор Собир дар ашъораш таърихи халқи тоҷикро бебокона тасвир кард. Ӯ дар бораи сарнавиштҳои сахти миллат шеър гуфт ва гуфтаҳояш ба сиёсат омехт.
Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони наздики Бозор Собир, дар сӯҳбати қаблие мегӯяд: «Сар аз «Забони модарӣ"-ву «Теғи Сино"-ву «Аҳмади Дониш» то «Хуни Сиёвуш"-у «Зинда бо Балху Бадахшонем мо» таърихи халқи тоҷик аст ва ин хидмати ӯ фаромӯшношуданист».

»Бозор Собир ҳақиқатро мегуфт, агарчи талх буд. Ба қавли худаш, «шоири осиву ёғӣ» буд ва ҳеч чизи пинҳоне надошт», — гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ бо сиёсат тавъам будани ашъори Бозор Собир таъйид карда, афзуд, «дар замони Шӯравӣ шеъри «Забони модарӣ"-ро навишт, вале ин сиёсат аст гуфта, дар матбуот чоп накарданд. Аммо имрӯз дар ҳар маҳфиле садо медиҳад: «Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст!».
»Девонагӣ"-ҳои Бозор Собир ҳам гуворо будРӯзгори Бозор Собир пур аз зиддунақизиҳо буд. Ӯ шоире буд, ки дар ҳеҷ марҳилаи зиндагиаш бо «ҷараён» намерафт ва ҳамеша ба сӯйи муқобили он ҳаракат мекард.

Абдулмуъмин Шарифӣ, ҳунарманди тоҷик, ки дар намоиши «Шабе дур аз Ватан» нақши Бозор Собирро бозидааст, мегӯяд, ашъори шоир тазодҳои аҷибу ғариб дорад, ки дар намоиш мунъакис шудааст. Ӯ афзуд, ҳатто муҳоҷирати Бозор Собир ҳам фарқкунанда ва пуртазод буд.
»Ҳар ҳис, дард, фиғону муҳаббату меҳру вафое, ки дар ашъори устод ҳаст, инъикос кардам. Инсоне, ки шоистаи ин гуна сифат ва фазилати инсонист, чӣ гуна  шоир  бояд бошад? Баъди ҳар иҷрои намоиш қариб то ду соат тамоми вуҷудам меларзид», — иброз дошт Абдулмуъмин Шарифӣ.
Шарифӣ дар бораи тазодҳои рӯзгораш ҳам гуфт: «Муқобили ҷараён рафтан хеле сахт аст. Аҷиб, Бозор Собир замони шӯравӣ бо он сохтор созиш надошт. Эрон рафт, созиш накард, Амрико рафт — хеле тунд муқобили сохтораш гуфт ва васфи «душман"-и қаблиаш — шӯравиро кард».

Ӯ таъкид кард, «аксари «девонагӣ"-ҳои Бозор Собир гуворову созанда ва барои оянда буд, ҳарчанд шахсан барои ӯ мушкилиҳои кам эҷод накард, ҳатто варо то зиндон ҳам бурд».

Ин ҳунарманд боварӣ дорад, ки «саркашӣ» хислати хоси Бозор Собир буд: «фикр мекунам, ӯ ҳеҷ гоҳ бо замона «созиш» намекард, чун ин хоси ӯ нест. Чанд соли охири умраш, ки дар Ватан буд, маълум буд, ки талош дорад «саркашӣ"-ро канор гузорад ва бо замона созад, аммо эҳсос мешуд, ки ин барояш душвор буд. Бовар дорам, агар чанд соли дигар бо мо мебуд, ҳатман мисли пешин ба гуфтани «ҳарфи дили худ» оғоз мекард».
Маъруфтарин муҳоҷири иҷбории тоҷикБозор Собир дар сафи пеши истиқлолхоҳони солҳои 70-90-ум буд. Ӯ барои ба истиқлол расидани Тоҷикистон шеърҳо гуфт, дар гирдиҳамоии аввалин дар Тоҷикистон, ки барои қабули Қонуни забон буд, ширкат кард ва яке аз суханварон буд.

Орзуи дидани истиқлоли кишварро мекард, вале ҳангоме Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, Бозор Собир тарки Ватан кард. Рӯзи 26-уми марти соли 1993 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт ва як ҳафта пас алайҳаш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.

Нуралӣ Давлат, таърихнигори тоҷик, бо такя ба гузориши Созмони Афви Байналмилал аз 5-уми апрели соли 1993 гуфтааст, алайҳи Бозор Собир бар асоси моддаи 61-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (даъвати оммавии зиддиҳукуматӣ, гаравгон гирифтани аъзои Шӯрои Олӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ), ки ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад, парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Пас аз солҳо, Бозор Собир дар яке аз матлабҳояш навишт, ҷинояти аслии ӯ дар назди мақомоти нав ин аст, ки «ҳукуматеро, ки моҳи ноябри соли 1992 қудратро ишғол кард, эътироф накардааст».

Баъди нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзи боздошту зиндон, бо фишори ниҳодҳои байналмилалӣ 29-уми декабри соли 1993 Бозор Собир озод шуд. Шоир ба Маскав рафт, вале он ҷо нагунҷид, баъдтар ба Амрико муҳоҷир шуд. Лекин тамоми ин солҳо ӯ дар ёди ватан буд:

Аз Ватан рафтам,
Валекин дур рафтан аз Ватан имкон надорад…

Ин нукта дар аксар шеърҳои муҳоҷиратии шоир инъикос ёфтааст. Дар поёни солҳои 90-ум ӯ ҳатто дар мусоҳибае гуфт: «Дар дунё биҳишт вуҷуд надорад, ман дар кишварҳои гуногуни дунё будам, вале биҳиштро наёфтам. Биҳишти ман ҳамон Ватани ман, ҳамон зодгоҳи ман аст».
Бозор Собир дар кишвар барои демократия майдоннишинӣ кард, вале вақте ба Амрико ҳиҷрат кард ва солҳо дар он ҷо зист, гуфт, ки «дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон демократия вуҷуд надорад».

»Мо ҳам аз пушти ҳамин демократия, ҳамин шиори дурӯғин, дар майдони Озодӣ давида будем. Вале баъд фаҳмидем, ки шиоре беш набудааст. Шиоре, ки барои майдон — нағз, барои зиндагии мардум — ҳеҷ чизе нест!», — баъди солҳо дар маркази демократия зистан гуфт Бозор Собир."Ҳукуматро дар худ гунҷонд"Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори шинохта, аз мақолаи соли 2009 навиштааш ёдовар шуда, мегӯяд, «Бозор Собир аз дасти ҳамин ҳукумат ба зиндон уфтода буд, аз дасти ҳамин ҳукумат фирор кард ва аз ҳамин ҳукумат ранҷида буд. Бояд ҳамин ҳукумат ӯро боз гардонад».
Ба гуфтаи ӯ, ҳамин тавр ҳам шуд, соли 2013 машҳуртарин муҳоҷири иҷбории тоҷик бо даъвати расмии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.

»Соли 2013 чун шоирро ҳукумат пас овард, аксар мегуфтанд, ки ҳукумат Бозорро дар худ мегунҷонад. Вале мо ҳамвора дидем, ки бо вуҷуди ситойишҳо аз ҳукумат Бозор Собир гоҳу ногаҳ аз муҳити офаридшуда эътироз мекард ва ин буд, ки натавонист барои ҳамеша ин ҷо бимонад дигарбора ба Амрико рафт», — иброз доштааст Сулаймонӣ.
Иршод Сулаймонӣ хулоса кардааст, ки «Бозор Собир бо шахсият, дидгоҳҳо ва лағзишҳояш натавонист дар ҳукумат бигунҷад ва ҳукуматро дар худ гунҷонид».
…боз дар ғурбат ҷон додДар воқеъ, пас аз бозгашт барои Бозор даст дод, ки аз обу хоки Ватан баҳравар шавад ва хумори дуриҳову дардҳову ранҷҳои кашидаро шиканад. Наздики 3 сол дар зодгоҳаш — деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ва дар Душанбе зиндагӣ кард ва соли 2016 дигарбора, ба мақсади дидори фарзандону наберагон, ба Сиэтли Вашингтон рафт.

Бемории қалб ӯро аз по афтонд, дар бемористони Сиэтл муддате бистарӣ гардид ва билохира дар 79-солагӣ ва боз дар муҳоҷират аз олам даргузашт. Ӯро ба ватан оварданд ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд. Бозор Собир бо ҳама сарсахтиҳо ба орзуяш расид, ки мегуфт:
Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.
Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам!

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий