< Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд
Маросими имзои санад дар доираи Ҳамоиши байналмилалӣ дар бораи амният, ки дар вилояти Маскав мегузарад, баргузор шуд. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.

Муҳаммад Яъқуб, вазири мудофиаи ҳукумати «Толибон» зимни вохӯрӣ бо Сергей Шойгу, котиби Шӯрои амнияти Русия рӯзи 27 май гуфтааст, ки Кобул ва Маскав ба таҳкими робитаҳои дуҷониба идома медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ бо Русия барои Афғонистон аҳаммияти хосса ва муносибатҳо байни кишварҳо таърихи тӯлонӣ дорад.
                                    "                                          
»Афғонистон ва Русия муносибатҳои тӯлонӣ ва таърихӣ доранд, дар ин самт мо мехоҳем, ки ҳамкориҳоро идома диҳем. Мо ба муносибатҳои дуҷониба густариш бахшидем», — зикр кардааст Муҳаммад Яъқуб.
                                         
Сергей Шойгу таъкид доштааст, ки кишварҳои Ғарб бояд дороиҳои Афғонистонро раҳо карда, барои барқарор намудани кишвар пас аз ҳузури бистсола дар Афғонистон масъулият бар дӯш гиранд.

Ҷузъиъиёти созишномаи имзогардида расман ифшо намешаванд. Тавре ки «Важные истории» зикр мекунад, дар созишномаҳои ба ин монанд маъмулан табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ, иҷозатномаҳо ва таҳияи лоитҳаҳои муштарак пешбинӣ мешавад.

Қаблан, рӯзи 14-уми май дар вохӯрии котибони Шӯрои амнияти кишврҳои узви СҲШ дар Бишкек, Сергей Шойгу изҳор дошта буд, ки Русия бо ҳаракати «Толибон» муносибатҳои воқеъгароёна (прагматикӣ) ба роҳ монда, дар соҳаҳои сиёсату амният, иқтисод ва ҳамкориҳои башардӯстона шарикиро рушд медиҳад.

Ба гуфтаи Шойгу, Маскав бар ин назар аст, ки рушди муносибатҳо бо Афғонистон ба манфиатҳои таъмини амнмият ва рушди иқтисодии минтақа ҷавобгӯ аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2025 Русия ҳаракати «Толибон"-ро аз феҳрсти созмонҳои террористӣ расман хориҷ карда, ба роҳандозии муносибатҳои шарикӣ бо мақомоти Афғонистон дар соҳаҳои тиҷорату фарҳанг ва амният тақвият бахшид.  


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий