< Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд

Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
​Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ба роҳ мондани анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии мардуми тоҷик, ҷалб ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025» амал мекунад.

Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 октябри соли 2020 тасдиқ гардида, дар раванди амалисозии он ба роҳ мондани ҳамкории васеи тарафҳои манфиатдор барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамуд, ки имрӯз шумораи онҳо ба беш аз 19 ҳазор расидааст.

Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ташаккули бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Аз ин рӯ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи  ҳунармандон тавассути мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз соли 2019 инҷониб давра ба давра дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ифтитоҳ гардиданд, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.

Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод намудани ҳунармандон барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасманд намудани косибон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъсиси гранти президентӣ дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон мебошанд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий