< Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
​Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз  4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм,  рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар  як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий