< «ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд

«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
​Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Парчами миллӣ- рамзи ҳувият, ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ», «24 ноябр- Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аз таърих то имрӯз: Парчами миллӣ ҳамчун ёдгории ватандӯстӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Иброз шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлолият ва ваҳдати миллии давлат ба ҳисоб меравад. Рангҳои пурмаънои парчам- сурх, сафед ва сабз таъриху фарҳанги ғании тоҷиконро таҷассум намуда, моро ба сиёсати хирадмандона, меҳнатдӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунанд. Тоҷ ва ҳафт ситора рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносӣ ва саодати миллати тоҷик мебошанд.

Таъкид шуд, ки сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Тоҷикистон дар ҳар давра дар пойдории сулҳу субот, барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозидааст. Пешвои миллат ба пойдории арзишҳои миллӣ, эҳёи таърих ва фарҳанг, баланд бардоштани худшиносӣ, ҳифзи рамзҳои давлатӣ ва тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ин ҳама тадбирҳо имрӯз ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати амн, ором, воҳид ва дар ҳоли рушд мусоидат менамояд.

Арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ на танҳо нишони эҳтироми ҳар шаҳрванд ба таъриху фарҳанги миллӣ мебошад, балки дар таҳкими пойдории давлатдорӣ ва тарбияи насли оянда низ нақши таърихӣ мегузорад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий