< Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад

Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
​Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа 20–21 ноябр байни наврасон баргузор гардида, дар он 333 варзишгар аз 4 кишвари Осиё иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин бахш 179 писар ва 11 духтар намояндагӣ менамоянд.

Мусобиқа байни ҷавонон 22–23 ноябр доир мегардад. Дар ин мусобиқа 276 ҷудочӣ аз 6 кишвари Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 писар ва 10 духтар дар татамии Душанбе рақобат хоҳанд кард.

Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи қитъавӣ дар Тоҷикистон мавқеи рӯзафзуни варзиши миллӣ, инфрасохтори муосири варзишии мамлакат ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлатро ба рушди ҷисмонӣ ва варзиш ифода мекунад. Ин ҳамчунин имконият медиҳад, ки варзишгарони ҷавони тоҷик аз рақибони сатҳи баланд таҷрибаи хуб омӯзанд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе давоми солҳои охир мизбонии як қатор мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо — Grand Slam, Grand Prix, Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ва ҷавононро бар ӯҳда дошт.

Сарчашма: varzishtv.tj/tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий