Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Ван И, вазири корҳои хориҷӣ ва узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин дар назар аст 21-уми ноябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд.
Ин сафар дар доираи силсиласафари Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат мегирад. Ба навиштаи ВКХ-и Чин Ван И бо даъвати вазирони корҳои хориҷии се кишвари Осиёи Марказӣ ба минтақа сафар мекунад.
Мао Нин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар дар суҳбат бо хабаргузории давлатии Синхуа гуфтааст, «вазирон оид ба равобити дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор хоҳанд кард».
«Чин муътақид аст, ки ин сафар натиҷаи ҳамоиши дуввуми Чин ва Осиёи Марказӣ буда, тафоҳумҳои муштараки раиси ҷумҳур Си Ҷинпин ва се раиси ҷумҳурро комилан амалӣ хоҳад кард», — гуфтааст ӯ.
Ӯ таъкид кардааст, ки сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳамкориҳои Чинро бо се кишвар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» амиқтар хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки ташаббуси ҷаҳонии Чин — «Як камарбанд, як роҳ» аз ҷониби Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин соли 2013 пешниҳод шуда, ҳадафи он ҳамгироии байниминтақавӣ, рушди тиҷорат ва савдо мебошад. Дар доираи ин ташаббус беш аз 150 кишвар ва 30 созмони байналмилалӣ қарордодҳои ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)