Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои ИДМ дар Маскав
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 18 ноябр дар шаҳри Маскав доир гардид, иштирок кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни суханронӣ дар ҷаласа Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо давлатҳои аъзои СҲШ самти муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷии худ медонад. Мувофиқи пешгӯиҳо, дар соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 8,2% пешбинӣ гардида, дар ҳамин ҳол, аз се ду ҳиссаи гардиши моли хорҷии ҷумҳурӣ ба шарикон аз СҲШ рост меояд.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа сарвазири ҷумҳурӣ таъсиси платформаи ягонаи рақами барои идораи ҳамлу нақлҳои мултимодалиро пешниҳод намуд, ки ба беҳбуди самаранокии логистикаи фаромарзӣ имкон медиҳад. Ҳамчунин даъват шуд, ки табодули донишҷӯён густриш ёфта, ба ҳамкории мутақобила дар бахшҳои иннооватсия, саноат ва кишоварзӣ тақвият бахшида шавад.
Қоҳир Расулзода зикр кард, ки Тоҷикистон бо ба ӯҳда гирифтани раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2026 саъю кӯшиши худро ба навсозии минбаъдаи стратегии рӯзномаи иқтисодии Созмон равона хоҳад кард.
Гуфта мешавад, баъд аз анҷоми ҷаласа президенти Русия Владимир Путин сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 17-18 ноябр дар пойтахти Русия таҳти раёсати нахуствазири ин кишвар Михаил Мишустин баргузор шуд. Ин ҷаласа чорабинии хотимавӣ буд, ки дар давраи раёсати Русия дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо солҳои 2024-2025 доир гардид.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)