< Тоҷикистон дар Дарвин дарвозаи Тимори Шарқиро голборон намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон дар Дарвин дарвозаи Тимори Шарқиро голборон намуд

Тоҷикистон дар Дарвин дарвозаи Тимори Шарқиро голборон намуд
​Ин бозӣ имрӯз, 18 ноябр дар варзишгоҳи Лигаи регбии Дарвин баргузор шуда, бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати тими мо Шервонӣ Мабатшоев ду гол зада, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев як голии дигарро марбути номи худ карданд.

Ин сеюмин бозии дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббии сербӣ Горан Стеванович аст. Тими мо қаблан дар ду бозии аввали худ бо ҳисоби 2 бар 0 ва 3 бар 0 яккачини Малдивро мағлуб карда, имрӯз Тимори Шарқиро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 шикаст дод.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми панҷ бозӣ дар гурӯҳи «А» мунтахаби Тоҷикистон бо 13 имтиёз дар зинаи аввал аст. Филиппин бо 10 имтиёз дар зинаи дуюм аст ва бозии панҷумро бо Малдив имрӯз, анҷом медиҳад. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Филиппин рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин дидор 31-уми марти соли 2026 дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий