Ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст
Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки «ҳайати баландпояи Тоҷикистон», ки чанд рӯз пеш ба Кобул сафар кардааст, бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* вохӯрдааст. Интизор меравад, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ дидор кунад.
Ба гузориши шабакаи «Тулӯъ Нюс», меҳвари асосии гуфтугӯҳои ҳайати Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ «масъалаҳои сиёсӣ, робитаҳои Кобулу Душанбе ва беҳбуди сатҳи тиҷорат миёни ду кишвар» будааст.
Ба навиштаи телевизиони «Ому», ҳайати Тоҷикистон аз 14 мақомдор, аз қабили мақомҳои амниятӣ, истихборотӣ, масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ иборат мебошад.
«Ин ҳайат шомили муовини аввали роҳбари нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фиристодаи вижаи Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати сарҳадӣ, коршиноси аршади амнияти миллӣ, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон (ВМКБ), сардори Раёсати идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомҳои амниятии Тоҷикистон аст», — навиштааст ин расона.
Ҳарчанд тафсилоти дидори ин ҳайат бо Толибон то ҳол ифшо нашудааст, аммо ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, ҳадафи сафари ин ҳайат музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди фиристодани ҳайате ба Кобул то кунун вокунише нишон надодаанд.
Қаблан хабаргузории «Бохтар», ки вобастаи ҳукумати Толибон аст, сафари намояндаҳои Тоҷикистонро «тағйири рӯйкард» дар қиболи Толибон унвон карда, навишта буд, ки ин ҳайат дар дидор бо мақомҳои гуногуни ҳукумати Толибон дар мавриди ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ гуфтугӯ мекунанд.
Ин расона ҳадафи ҳайати Душанберо «густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Аморати исломии Афғонистон (Толибон ҳукуматашонро чунин меноманд, — АП)» гуфтааст.
Манбаъ афзудааст, ки гуфтугӯ дар бораи фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидор аст.
Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)