Низоми гармидиҳӣ дар Душанбе аз кадом ҳисоб таъмир мешавад ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Аз нимаи моҳи октябр дар шаҳри Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд. Имсол марҳила ба марҳила 3 ҳазору 300 иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд. Барои пешгириву бартараф кардани мушкилоту камбудиҳо дар низоми гармидиҳӣ ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст? Дар ин матлаб шарҳ медиҳем.
Навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст
Аз муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» ба «Азия Плюс» шарҳ доданд, ки ҳамаи масоили вобаста ба гармидиҳӣ зери назорати бевоситаи раҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дорад.
Дар муассиса зикр карданд, ки дар ҳукумати шаҳр ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ситодҳои фаврии доимо амалкунанда ташкил карда шудааст.
«Дар ҳамаи қитъаҳои ноҳияҳои шаҳр барои таъмини мунтазами гармидиҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудии пайдошуда аз ҳисоби мутахассисон гурӯҳҳо (бригадаҳо)-и мобилӣ ташкил карда шудааст», — гуфт намояндаи ин ниҳод.
Аз муассисаи мазкур гуфтанд, ки тибқи қонун «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», ки аз 10-уми июни соли 2009 тасдиқ шудааст, соҳибмулкон набояд шабакаҳои дохилии хонаро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии сохтори онро халалдор созанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи манзил монеъа эҷод накунанд.
Ҳамаи арзу шикояти марбут ба ҳолати шабакаҳои гармидиҳӣ то нуқтаи интиқол (элеватор)-и хонаи мушаххас тариқи телефони хадамоти диспетчерӣ 231-24-41 ва 231-75-01, инчунин шабонарӯзӣ бо телефонҳои 917038292, 917188292 қабул карда мешаванд.
«Дар ҳамин ҳол, фаромӯш набояд кард, ки бартараф намудани нуқсу носозиҳо дар шабакаҳои дохили хона ва ивази таҷҳизоти гармидиҳӣ аз ҳисоби соҳибони манзил иҷро карда мешавад», — таъкид кард масъули ин ниҳод.
Масъулият бар дӯши кист?Тибқи Қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ, ҳадди масъулияти корхонаи таъминкунандаи гармӣ ва истеъмолгарони энергияи гармӣ муайян карда шудааст. Муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.
Ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд.
Шабакаҳои гармидиҳии бино ва дохили хонаҳо моликияти соҳибмулкон буда, мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамаи корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон (иваз ва таъмири қубурҳо, дигар таҷҳизот, тозакунии онҳо, таъмир ва насби батареяҳо) бояд аз ҳисоби худи сокинони бино пардохт шаванд.
Хидматрасонии муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» дар мавриди интиқоли гармӣ то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор) бепул аст.
Пеш аз муроҷиат намудан ба муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» ҳамаи қубурҳо дар бино, даромадгоҳ (подъезд) ва дохили хонаро санҷидан зарур аст, зеро мушкилот метавонад маҳз дар ҳамин қитъаҳо бошад.
Ҳангоми пайдо шудани ягон мушкилӣ сокинони биноҳои истиқоматӣ ба Раёсати истифодабарии манзил (ЖЭУ)-и маҳалли зисти худ, ки дар он ҷо мутахассисон ҳастанд, инчунин бо пардохти пул ба дигар устоҳо муроҷиат карда метавонанд. Нархи хидматрасонии онҳо ба ҳаҷми кор, хароҷоти масолеҳ ва ғайра вобаста буда, ин масъаларо ҳар кадоме мустақилона ҳал мекунад.
Нархи истифодаи гармӣ:
— барои аҳолӣ: 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо назардошти Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ);.
— барои ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ: — 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).
— барои дигар истеъмолгарон: 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардоти ААИ).
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)