Дарёфт ва мусодираи 47 кг маводи нашъадор аз як гурӯҳи нашъаҷаллоб
Пулиси Душанбе аз як гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ноҳияи Мастчоҳ 47 кг маводи нашъадори навъи «хашиш» дарёфт ва мусодира кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳоло се тан боздошт шуда, як нафари дигар дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад. Манбаъ мегӯяд, роҳбари ин гуруҳи нашъаҷаллоб дар хориҷи кишвар қарор доштааст.
Пулиси Душанбе аз боздоштшудагон Сироҷ Ибодзода, Манучеҳр Қутбиддинов ва Расул Қозиев ном бурда гуфтааст, ду нафари аввал сокинони 29-солаи деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ва нафари сеюм сокини 37-солаи деҳаи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ будааст.
Ба қавли манбаъ, «Расул Қозиев бо дастури Нарзиев Ҳофиз, сокини дигари ноҳияи Мастчоҳ, воситаҳои нашъадорро ба соҳибияти худ қабул ва ба ӯ расонида, мақсад доштанд ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд».
Ҳоло Ҳофиз Назриев дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст.
Манбаъ навиштааст, роҳбарии ин гурӯҳи нашъаҷаллобро Хайрулло Мадиев, ки бо тахаллуси «Умедча» маъруф будааст, ба уҳда доштааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ раванди додугирифт, қабулу инқтиқоли воситаҳои нашъадорро назорат ва роҳнамоӣ мекардааст.
Назари боздоштшудаҳо вобаста ба ин иттиҳоми мақомот маълум нест.
Пулиси Душанбе мегӯяд, нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан» парванда боз шудааст. Ин банди қонун аз панҷ то бист сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар даҳ моҳи соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор аз муомилот гирифта шуда, чандин гуруҳи нашъаҷаллоб дастгир шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран бо қарори Додгоҳи шаҳри Панҷакент се сокини ин шаҳр барои қочоқи 24 кг маводи мухаддир 15 ва 16 сол равонаи зиндон шудаанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)