«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Фестивали ҷумҳуриявии «Либоси миллӣ — нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» бо мақсади арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои миллию мардумӣ ва тақвияти ҳисси зебоишиносии ҷавонон гузаронида шуд.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат буда, ҳамчун ёдгории беназир аз гузаштагон дар тӯли қарнҳо ҷаззобияту зебогиашро аз даст надодааст. Зан — модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, навъҳои гуногуни либосҳои миллиро дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо вобаста ба ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои миллат суханронӣ намуда, ба занони ҷумҳурӣ чунин муроҷиат намуда буданд: «Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, аз сидқи дил Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо — тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед, бегонапарастиро!»
Арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикӣ, хусусан эҳёи либоси миллӣ — атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва коҳиши майли бегонапарастӣ аз ҳадафҳои асосии иқдоми"Либоси миллӣ — нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ« мебошад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)