< Лағви пурраи "лимит"-и барқ дар Тоҷикистон дар соли 2027. Афсона ё воқеият? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Лағви пурраи "лимит"-и барқ дар Тоҷикистон дар соли 2027. Афсона ё воқеият?

Лағви пурраи "лимит"-и барқ дар Тоҷикистон дар соли 2027. Афсона ё воқеият?
​Қоҳир Расулзода моҳи августи соли 2025 изҳор намуд, ки дар мавриди истиқлоли энергетикӣ дастуру супоришҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саривақт — моҳи августи соли 2027 ва «дар сатҳи баланду хушсифат» ба иҷро мерасанд.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, ки соли 2027 кишвар пурра ба истиқлоли энергетӣ мерасад мақомдорони тоҷик панҷ далел пеш меоранд.
Роғун ба саросари кишвар нур мебахшадПрезиденти Тоҷикистон қаблан моҳи декабри соли 2024 зимни ироаи паёми худ ба парлумон изҳор намуда буд, ки «шурӯъ аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳи „Роғун“ ва силсиланерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш камбуди барқ дар кишвар пурра аз байн хоҳад рафт».

«Шояд ин охирин зимистоне бошад, ки шумо дар чунин ҳолат паси сар мекунед. Соли 2027 ин мушкил дар сафҳаи таърих боқӣ мемонад», — гуфт ӯ.
Имрӯз аз нисф зиёди корҳои сохтмон иҷро шуда, дар ду агрегати аввалин аллакай 9,1 млрд кВт/соат барқ истеҳсол шудааст. Соли 2026 ивази чархаҳои муваққатии корӣ ба доимӣ ба нақша гирифта шудааст, ки маҳсулнокии нерӯгоҳро зиёд мекунад. Соли 2029 ҳамаи шаш агрегат аз 13 то 17 млрд кВт/соат — тақрибан 80-85%-и истифодаи барқи ҳозираро дар кишвар таъмин мекунанд.

Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки дастуру супоришҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саривақт ва «дар сатҳи баланду хушсифат» ба иҷро мерасанд ва корҳои бунёди сарбанд ва пур кардани обанбор тибқи нақша ҷараён доранд.

Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки мавриди истифода қарор гирифтани агрегатҳои нави «Роғун» на танҳо иқтидори муқарраршударо то 3600 Мвт зиёд мекунад, балки самаранокии ҳамаи силсиланерӯгоҳҳои Вахшро аз ҳисоби болоравии сатҳи об дар обанбор меафзояд.
Тибқи ҳисобу китоби Вазорати энергетитка ва захираҳои об, маҳз ҳамин гуна маҷмӯи чорабиниҳо барои комилан бартараф намудани камбуди барқ ва фароҳам сохтани заминаи қавӣ ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ имкон медиҳанд.
Нерӯгоҳҳои кӯҳна бо имконоти навТаъмиру навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроқум ва Сарбанд бо суръати баланд ҷараён дошта, такягоҳи дуюми расидан ба истиқлоли энергетикӣ ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки танҳо дар соли 2025 ба туфайли таъмиру навсозии агрегатҳо, иқтидори энергетикии кишвар 180 МВт зиёд мешавад.

Дар НБО «Норак», нерӯгоҳи бузургтарини кишвар як агрегат таъмиру навсозӣ шуда, боз дар ду агрегати дигар ин корҳо ҷараён доранд. Пас аз таъмиру навсозии мукаммал иқтидори нерӯгоҳ то 3375 МВт ва самаранокӣ — даҳҳо фоиз боло меравад.

Дар нерӯгоҳи «Қайроққум» моҳи сентябри соли 2024 се агрегати таҷдидгардида ба истифода дода шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, пас аз анҷоми ҳамаи марҳилаҳо истеҳсоли солонаи он ба ҳисоби миёна дар як сол аз 580 млн то 850 млн кВт/соат, яъне қариб як баробар зиёд мешавад.

Нерӯгоҳи «Сарбанд» низ ба барномаи таъмиру навсозӣ шомил аст: таҷдиди таҷҳизот эътимоднокии кори онро баланд бардошта, афзоиши иловагии иқтидорро таъмин мекунад.

Ҳамзамон дар ВМКБ НБО «Себзор» бо иқтидори 11 МВт бунёд мегардад. Ин иншоот барои минтақа хеле аҳаммиятнок аст, зеро баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, он метавонад то 25%-и талаботи вилоятро ба барқ қонеъ созад.

Сарвазир таъкид дошт, ки таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои кӯҳна қатъиян мутобиқи нақша сурат гирифта, «аллакай дар солҳои 2025-2026 аз он натиҷаҳои назаррас ҳосил хоҳад шуд».

Тибқи ҳисоби Вазорати энергетика ва захираҳои об, корҳои таъмиру навсозӣ ва лоиҳаҳои нав ба сурати умум то соли 2027 иқтидорро аз 378 то 431 МВт зиёд мекунанд. Ба ин тариқ, дар баробари Роғун, нерӯгоҳҳои таъмиру навсозишуда қисмати муҳими амнияти энергетикии кишвар шуда, дар зимистон — авҷи истифодаи барқ сарбориро коҳиш ва ба устувории низом тақвият мебахшанд. Иқтисоди сабз аз шуъои офтоб шурӯъ мешавадБарқи офтобӣ сеюмин далели стратегӣ дар расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ба шумор рафта, тавозун ва устувории низомро таъмин ва ба вазифаҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» то соли 2030 мутобиқат мекунад.

Сарвари давлат зимни ироаи паёми солона ба парлумон чунин изҳор дошт: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад». Ба гуфтаи ӯ, рушди манбаъҳои таҷдидшавандаи барқ бояд иловаи муҳим ба нерӯи барқи обӣ гардида, таъмин бо барқро дар давраҳои байни мавсимҳо кафолат диҳад.

То соли 2027 мавриди истифода қарор гирифтани ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 400 МВт ба нақша гирифта шудааст. Ин марҳилаи аввали барномаи бузургмиқёси гузаштан ба иқтисоди «сабз» хоҳад шуд.
Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки то соли 2030 иқтидори умумии иншоот дар заминаи манбаъҳои барқроршавандаи энергия (офтобӣ ва бодӣ) ба на камтар аз 1500 МВт мерасанд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз иншооти мазкур аллакай то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, лоиҳаҳо бо дастгирии ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва шарикони рушд амалӣ мешаванд.

Мувофиқи ҳисобу китоби ин вазорат, ҳамгироӣ бо барқи офтобӣ ба гуногунсамт кардани тавозуни энергетикии кишвар имкон дода, вобастагиро аз тағйироти мавсимӣ коҳиш медиҳад. Ин бахусус дар мавсими тирамоҳу зимистон, ки сатҳи об дар дарёҳо поин рафта, истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳо коҳиш меёбад, муҳим аст.

Расулзода ҳамчунин таъкид дошт, ки истифодаи манбаъҳои ҷойгузини энергия «на танҳо барои амнияти энергетикии кишвар таҳким мебахшад, балки ҷойҳои нави корӣ ва шароитҳо барои рушди минтақаҳо фароҳам меорад».
 Энергетикаи рақамӣ: ҳисобкунакҳо муқобили талафоти пасисоягӣДалели чоруми муҳим дар расидан ба истиқлоли энергетикӣ — рақамисозии баҳисобгирӣ ва коҳиши талафот номбар мешавад. То соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки миллиард киловатт-соатҳои барқи талафёфта ба захираи самаранок барои истифода дар дохил ва рушди иқтисод табдил дода шавад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, дар зарфи 6 моҳи соли 2025 ҳаҷми талафоти барқ дар низоми энергетикӣ 2 млрд 262,2 млн кВт/соат ё худ 17,2% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда 48,8 млн кВт/соат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (сатҳи талафот он вақт — 20,5%) аст.

Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки  тадриҷан коҳиш ёфтани талафот яке аз самтҳои стратегӣ мебошад: «Коҳиши ҳатто якчанд фоиз маънои ба иқтисод баргаштани садҳо миллион киловатт-соатро дорад».

Барои ҳаллу фасли мушкил то соли 2027 ҳамаи истеъмолгарон бо ҳисобкунакҳои зеҳнӣ таъмин шуда, он ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани шаффофияти ҳисобу китоб имкон медиҳад.

Айни замон оид ба коҳиши талафоти барқ дар Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара лоиҳаҳои бузургмиқёс амалӣ мешаванд. Дар ҷойҳое, ки шабакаҳои «ҳушманд» аллакай ҷорӣ шудаанд, сатҳи талафот то 6-8% коҳиш ёфт, ки ба нишондиҳандаҳо дар низомҳои энергетикии рушдёфта баробар аст.

Расулзода зикр кард, ки «бидуни навсозии шабакаҳо ва баҳисобгирӣ, мо наметавонем ба таври пурра барқи истеҳсолшударо истифода барем. Шабакаҳои ҳушманд пойдевори эътимоднокии низоми ояндаи энергетикии мо мебошанд».
 Содироти барқ ба нафъи давлат астДалели панҷуми истиқлоли энергетикӣ ҳамгироӣ ба занҷираҳои энергетикии минтақа ва бунёди иқтидори содиротӣ мебошад. Ин тадбирҳо натанҳо кишварро бо таъминоти боэътимоди барқ таъмин мекунанд, балки ба буҷет даромади иловагӣ оварда, нақши Тоҷикистонро дар харитаи энергеткии минтақа ба сифати бозигари муҳим мустаҳкам месозанд.

Аз соли 2024 Тоҷикистон боз бо Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳамроҳ кор мекунад. Ин ба танзими иқтидор бо кишварҳои ҳамсоя, баланд бардоштани устувории шабакаи миллӣ ва таъмини тавозун дар вақтҳои талаботи беҳад зиёд имкон медиҳад.
Ҳамзамон амалисозии лоиҳаи стратегии CASA-1000 идома дорад, ки он содироти барқи зиёдатӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистонро пешбинӣ мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, анҷоми корҳои бунёди қисмати лоиҳа дар Афғонистон соли 2026 дар назар аст. Мавриди истифода қарор гирифтани лоиҳа ба кишвар имкон медиҳад, ки барқи зиёдатиро дар мавсими тобистон ба хориҷи кишвар содир намуда, дар ҳамин ҳол афзалияти таъминоти дохилиро нигоҳ дорад.

Расулзода ҳамчунин зикр кард, ки пайваст шудан ба низомҳои минтақавӣ барои Тоҷикистон ба сифати занҷираи нави ояндаи содироти энергияи тоза дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ имкониятҳои нав боз мекунад.

Сарчашма: asiaplustj.info





Комментарии (0)

Оставить комментарий