Яке мақоми дуюму дигаре панҷум. Дурахши Лоиқ ва Мадина дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Лоиқ Қутбиддинов, паҳлавони наврасу умедбахши тоҷик дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар Софияи Булғористон мақоми дуюмро гирифта, медали нуқраи мусобиқаро ба гардан овехт.
Номбурда бо ин дастоварди назаррас номашро дар таърихи ҷудои тоҷик сабт кард.
Лоиқ Қутбиддинов дар даври ниҳоии мусобиқа аз намояндаи Қазоқистон Йернур Батюргалӣ мағлуб шуд.
Ҳамчунин, варзишгари номдори тоҷик Мадина Қурбонзода (-52 кг), ки ягона намояндаи Тоҷикистон миёни духтарон дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар Софияи Булғористон буд, мақоми панҷумро касб кард.
Ӯ дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз Николе Марқуеси бразилӣ мағлуб шуд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)