< 2 781 750 сомонӣ. Ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

2 781 750 сомонӣ. Ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

2 781 750 сомонӣ. Ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
​Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе 412 нафар довталаб сабқат намуда, аз рўи 4 номинатсия дар умум 90 нафар ғолибиятро ба даст оварданд, ки аз ин шумора 54 нафарро хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 нафарро донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторанти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 18 омӯзгори ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходими илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кору гуногун ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, қайд мегардад, ки барои сарфарозгардонии ғолибони даври сеюми озмун ва хароҷоти вобаста ба он тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе 2 миллиону 781 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо гаштааст.

Ҳамин тавр, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони ҷойи якум 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ, ба 54 нафар омӯзгор ба ҳар кадоме 13 ҳазор сомонӣ ва як қатор нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» саҳм гузоштаанд, бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли ҳафтум аст, ки дар Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосии Низомномаи тасдиқгардида, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.


Саочашма:  dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий