< "Футбол барои мактабҳо". 35 муассисаи таълимии пойтахт ба он шомил шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Футбол барои мактабҳо". 35 муассисаи таълимии пойтахт ба он шомил шуданд

"Футбол барои мактабҳо". 35 муассисаи таълимии пойтахт ба он шомил шуданд
Манбаъ меафзояд, ки дар маросими ифтитоҳ роҳбари лоиҳаи «Футбол барои мактабҳо» Антонио Буэнанйо, мушовири техникии ин барнома Алберто Ҷакомини, директор оид ба масоили тиббии ФИФА Эндрю Мэсси, менеҷери лоиҳаҳои тиббӣ Хлоуд Себакт, ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва дигар меҳмонони фахрӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин, футболбози маъруфи булғорӣ, барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-1994» Христо Стоичков, ки  амбассадори оғози лоиҳа дар Тоҷикистон мебошад, ҳузур дошт.

Гуфта мешавад, ки дар ростои оғози ин лоиҳа рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Душанбе барои 45 нафар омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ аз тамоми манотиқи кишвар семинари омӯзишӣ баргузор мешавад. Илова бар ин, рӯзи 27 август дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» ҷашнвораи бузурги футбол ташкил мегардад.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар соли аввал 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба ин барнома шомил мешаванд, ки аз ФИФА беш аз 4 ҳазор тӯб мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Футбол барои мактабҳо» аз ҷониби ФИФА дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон амалӣ мешавад.


Сарчашма:  dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий