< Истирдоди як гумонбар аз Русия ба Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Истирдоди як гумонбар аз Русия ба Тоҷикистон

Истирдоди як гумонбар аз Русия ба Тоҷикистон
Назари ин сокини Ваҳдат аст, ки ба гуфтаи мақомот бо тахаллуси «Ҳоҷи Файз» кор мекард, маълум нест.

Мақомот ҳам ҷузъиёт надодаанд, ки ин сокини Ваҳдат кай ва чигуна ҷиноятҳоро анҷом додааст. ВКД танҳо гуфт, Баҳриддин Миров дар шаҳри Челябински Русия дастгир ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Мақомот аз шаҳрвандон хостаанд, ки агар аз ин мард шикоят дошта бошанд, ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Назари пайвандони Баҳриддин Миров ҳам феълан дастрас нест.

Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон чандин нафар истирдод мешаванд.

Дар солҳои ахир чандин мунтақиди давлат, аз ҷумла, фаъолон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод ва сипас ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.


Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий