ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-16 ва рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рўзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе мавридҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)