Дар Душанбе фаъолияти троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ мегардад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз имрӯз, 10 апрели соли равон фаъолияти троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ мегардад. Дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад. Ин тағйирот бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе ва аз фаъолият бозмондани троллейбусҳо дар хатсайри №12 ба амал омадааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки муваққатан ба ҷои троллейбусҳо дар хатсайри №12 аз хизматрасонии автобусҳо бо рақами хатсайри №12 истифода баранд.
Комментарии (0)