Раҳимзода дар Фурудгоҳи Кӯлоб бинои шуъбачаи милитсия ифтитоҳ кард

Дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбачаи милитсияи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба баҳрабардорӣ расид.
Рӯзи 7-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбачаи милитсияи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоби ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи ин бино, Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ширкат карданд.
Ба иттилои манбаъ, бинои номбурда иборат аз 10 ҳуҷраи корӣ буда, барои фаъолияти кормандони милитсия пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурии хизматбарӣ таъмин гардидааст.
Зимни боздид қайд гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар гардонидани шароитҳои хизматбарии кормандони милитсия тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Пештар хабар дода шуд, ки милисаҳои водии Рашт, ба ҳашар баромада 1000 ниҳол шинонданд.
Комментарии (0)