Ба Тоҷикистон 594 ҳазор воя ваксинаи «Модерна» ворид гардид
Дирӯз 594 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли ширкати «Модерна Инк»-и ИМА дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, иттилоъ доданд маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вояи ваксинаи мазкур бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат ворид шудааст.
Гуфта шудааст, ки нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки то ба имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 вояи ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «П файзер» ворид карда шуда, мавриди истифодаи самаранок қарор дода шудаанд.

Комментарии (0)