< Қарори ҳукумат: Барканорӣ ва таъйини Асрорзодаи 35-сола ба мақоми ректорӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қарори ҳукумат: Барканорӣ ва таъйини Асрорзодаи 35-сола ба мақоми ректорӣ

Қарори ҳукумат: Барканорӣ ва таъйини Асрорзодаи 35-сола ба мақоми ректорӣ
Убайдулло Асрорзода аз мақоми ректори донишкада барканор шуду ба вазифаи ректори донишгоҳи байналмилалӣ таъйин гардид

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Убайдулло Асрорзодаро аз вазифаи ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озод кардааст.

Тибқи ин қарор, ки Раҳмон моҳи равон имзо карду дар пойгоҳи ахбори ҳуқуқӣ нашр шудааст, Асрорзода ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъйин шудааст.

Таъкид шудааст, ки барканорию таъйинот ба тағйири мақоми ин муассисаи таълимӣ рабт дорад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи соли равон ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода, номашро Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузошт.

Номи Убайдулло Асрорзодаи 35-сола, ки роҳбарии ин муассисаи олии таълимиро аз соли 2020 то ҳол ба уҳда дорад, ахиран аз сӯи пойгоҳи "Диссернет" расонаӣ шуда буд.

Асрорзода, ки доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад, соли гузашта дар феҳрасти олимони тоҷике ном бурда шуд, ки аз ҷониби пойгоҳи "Дисернет" ба асардуздӣ айбдор мешуд. Аз ҷумла ба иттилои ин пойгоҳ, Асрорзода дар рисолаи номзадияш дар мавзӯи бозори озуқаворӣ ва танзими давлатии он, ки соли 2011 ҳимоя шудааст, беш аз 90 саҳифаро аз кори олимони рус пурра ё қисман рӯйбардор намудаст. Назари худи Асрорзода дар бораи ин иттиҳом маълум нест.

Бар асоси ҳолнома, ӯ дар гузашта - солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини мудири Агентии назорат дар соҳаи маориф ва солҳои 2015-2020 мудири Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ фаъолият намудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий